ӣ.
Табиати
Т
оҷикистон
д
ар рақамҳо
Баландии мавзеъҳо – аз 300 то 7495 м аз сатҳи баҳр
Баландии миёна ва релефи асосӣ – қариб 3 ҳазор метр, 93% ҳудуд бо куҳҳо пӯшида шудааст.
Ҳудуди иқлими замин – субтропик, 37 0 арзи шимолӣ
Майдони мамлакат – 142,6 ҳаз. км 2 , дарозии ҳудуд аз шимол ба ҷануб 350 км, аз ғарб ба шарқ – 700 км.
Пиряхҳо 6% ҳудуди мамлакатро ишғол менамоянд: дарозии аз ҳама пиряхи калон
– Федченко – 70 км.
Резиши дарёҳое, ки дар ҳудуди мамлакат ташаккул меёбанд – зиёда аз 54 км 3 дар як
сол.
Пиряхҳо ва барфҳои баландкуҳҳои Тоҷикистон манбаи асосии об мебошанд. Пиряхҳо масоҳати 8 ҳазор километри мураббаъ ё 6% масоҳати мамлакатро ташкил медиҳанд. Масоҳати пиряхҳо аз масоҳати ҷангалҳо ду маротиба зиёд аст. Захираи об дар пиряхҳо то 550 километри мураббаъ мерасад, ки он ба ҳаҷми оби тамоми дарёҳои Тоҷикистон дар давраи 10 сол ташаккулёфта баробар мебошад. Дар Тоҷикистон чанд ҳазор пиряхҳо мавҷуд аст, ки қисми зиёди онҳо хурданд, вале 10 пиряхҳо дарозии то 20 километра доранд. Калонтарин пиряхи Тоҷикистон пиряхи Федченко мебошад, ки дарозии он 70 километр ва бараш 2 км, ғафсии ях то 1 километрро ташкил медиҳад.
Дарёҳои куҳӣ манбаи асосии табии об барои кишоварзӣ ва аҳолӣ, инчунин асоси гидроэнергетикаи мамлакат мебошад. Ҷиҳати банақшагирӣ ва идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон айни ҳол 4 ҳавзаи дарёҳоро ҷудо мекунанд:
ҳавзаи дарёҳои Сирдарё (бо суб-ҳавзаи Зарафшон) дар шимол , дарёи Кофарниҳон дар ғарб
дарёи Панҷ дар ҷануб ва дарёи Вахш дар марказ. Дар мамлакат қариб ҳазор дарёҳо мавҷуд ҳастанд, ки дарозии ҳар яки онҳо ба зиёда аз 10 километр мерасад.
Ангишт дар ҳаҷми 1-2 миллион тонн дар як сол дар конҳои Назарайлоқ, Шӯроб ва Фон-яғноб истеҳсол мешавад. Барои қонеъ намудани талабот ба ангишт зиёд шудани истеҳсоли он то 7-15 миллион тонн дар як сол то соли 2030 дар назар аст. Дар давоми 10 соли охир 200 корхонаҳо ба истифодабарӣ аз ангишт гузаштаанд.
Сифати ҳаво дар шаҳрҳои асосии Тоҷикистон дар сатҳи ҷоиз нигоҳ дошта мешавад. Манбаи асосии ифлосшавии атмосфера партовҳои нақлиёт ба ҳисоб мераванд, партовҳои бештари моддаҳои зараровар аз манбаҳои доимӣ ва ҳаракаткунанда дар минтақаҳои саноатии мамлакат мушоҳида мешаванд.
Партовҳои газҳои гулхонавӣ (ГГ), ки қодиранд ба иқлим таъсир расонанд, дар Тоҷикистон камтар аз 1 тонна гази карбон (СО2) ба як на-фари аҳолӣ рост меояд. Ҳиссаи Тоҷикистон дар партовҳои ҷаҳонӣ ночиз аст, вале мамлакат нисбат ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим осебпазир мемонад. Аз соли 2005 то соли 2010 партовҳои СО2 қариб дар як сатҳ нигоҳ дошта мешаванд, вале вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодаанд. Иштироки Тоҷикистон ва аксарияти давлатҳо дар тадбиқи Созишномаи Париж оид ба иқлим ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кам кардани партовҳо бояд барои пешгирии зиёдшавии ҳарорати глобалӣ дар доираи 20С ва коҳиш додани оқибатҳои ногувори гармшавӣ мусоидат намояд.
Зери таъсири партовҳои ҷаҳонии гулхонавӣ ва гармшавӣ майдони бо пиряхҳо пушидашудаи Тоҷикистон аз соли 1930 то ин ҷониб 25-30%– и он кам шудааст. Дар назар аст, ки то соли 2050 майдон ва ҳаҷми пиряхҳо боз 25-30 % кам гардад, ҳаҷми оби ҳавзаи дарёҳо аз ҳисоби обшавии босуръати пиряхҳо бошад аввал зиёд шуда, баъдан кам мегардад.
Қуллаи обнокии дарёҳо ба муҳлатҳои пештар гузашта, ба таъминот бо оби кишоварзӣ метавонад таъсир расонад. Зиёд шудани эътимолияти селфароӣ, обхезӣ ва камобӣ низ дар назар аст.
Ҳавои тоза барои нигоҳ доштани саломатӣ ва зиндагии боҳаловат зарур аст. Сифати ҳаво ба вазъи табиати зинда, нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ, фоиданокии кишоварзӣ ва ҷозибадории шаҳрҳо таъсир мерасонад. Фаъолияти нақлиёт, энергетика ва саноат бисёр вақт сабаби партовҳои моддаҳои заҳрнок ва ифлоскунандаҳои ҳаво мегардад. Дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво саломатии аҳолӣ, кишоварзӣ ва табиат метавонанд зарар бинанд.
Манбаҳои асосии доимии партовҳо ва ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон корхонаҳои металлургӣ ва сементбарорӣ, инчунин марказҳои обугармидиҳии бо ангишт коркунанда ба ҳисоб мераванд. Тағйиротҳо дар сохтори саноат барои камшавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда мусоидат намуданд. Дар муқоиса бо нишондодҳои максималии 30 сол пеш (100 ҳазор тонн) дар давраи ҳозира ҳаҷми партовҳои зарарнок аз манбаҳои доимӣ 3 маротиба (35 ҳазор тонн) кам шудааст.
Нақлиёти автомобилӣ дар давоми 15 сол манбаи асосии ифлоскунандаи атмосфера ба ҳисоб меравад: ба он 70-80 % ҳаҷми ҳамаи партовҳо дар сатҳи 340-540 ҳазор тонн дар як сол (маълумотҳои давраи солҳои 2015-2017) рост меояд.
Ба нақлиёт қисми асосии партовҳо (омехтаҳои карбон ва нитроген) ва ҳиссачаҳои сахт рост меояд. Теъдоди автомобилҳо дар роҳхои мамлакат сол то сол зиёд шуда, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 аз 440 ҳазор адад зиёд шуд. Ҳаҷми калони партовҳо бо куҳнашавии парки автомобилҳо, ки муҳлати миёнаи истифодабариашон аз 15 сол зиёд аст, вобаста мебошад. Сифати пасти сӯзишворӣ низ ташвишовар аст.
Ҳаҷми аз ҳама хурди партовҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (Помир) мушоҳида мешавад (камтар аз 10 ҳазор тонн дар як сол), ҳаҷми аз ҳама калони партовҳо дар шаҳри Душанбе (35-55ҳазор тонна дар як сол) ва ви-лояти Суғд (105-135 ҳазор тонна дар як сол) ба қайд гирифта мешавад. Манбаи калонтарини доимии ифлоскунанда (корхонаи саноатӣ)– корхонаи алюминийбарорӣ дар шаҳри Турсунзода (15-20 ҳазор тонн дар як сол) ба ҳисоб меравад. Барои кам кардани партовҳо дар корхонаи мазкур филтрҳои ҳавотозакунанда насб шудаанд, системаи омӯзиши экологӣ ҷорӣ шудааст, элек-тролизҳо ва технология истеҳсолот нав мешавад, гирду атрофи корхона мониторинги доимии давлатию идоравии сифати ҳаво ва об гузаронида мешавад.
Манбаи маълумотдиҳӣ дар бораи партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера дар Тоҷикистон Агентии омор мебошад, ки он маълумоти расмӣ пешниҳод менамояд (www.stat.tj). Маълумотҳо дар бораи ғунҷоиши моддаҳои ифлоскунанда, бо нишон додани ҳиссаи ғунҷоиши ҳадди имкон ҳар ҳафта дар сайти Агентии обуҳавошиносӣ чоп мешавад (www.meteo.tj).
Мушоҳидаҳо аз рӯи сифати ҳаво дар панҷ шаҳрҳо гузаронида мешаванд. Миқдори моддаҳои ифлоскунанда дар ҳаво одатан аз меъёрҳои ғунҷоиши ҳади имконпазир зиёд намешавад. Баъзан шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар (Қӯрғонтеппа) ба ифлосшавии зиёди ҳаво дучор мешаванд, ки сабаби асосии он партовҳо, сабабҳои метеолорогӣ – миқдори ками боришот, туфонҳои ҷангӣ, ҳавои бешамол, беҳаракат мондани гардишҳои атмосферӣ дар фасли зимистон.
Шабакаҳои гармидиҳии марказию инфиродӣ, ки бо ангишт ва ҳезум кор мекунанд, сифати ҳаворо дар фасли зимистон бад мегардонанд, гази табиӣ барои гармкунии хонаҳо истифода намешавад. Барои тайёр намудан ва гармкунии хӯрок ҳезум ва ангишт истифода мешаванд. Партовҳо ба ҳавои атмосфера инчунин аз ҳисоби сӯзонидани пояи пахта (ғузапоя) ҳосил мешаванд.
Беназорат сӯзонидани партовҳои истеъмолӣ ва пасмондаҳои муассисаҳои табобатӣ низ манбаи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷониби давлат чораҳои дахлдор андешида мешаванд – санҷиши дуднокӣ, назорати сифати сӯзишворӣ, дастгирии рушди нақлиёт бо сӯзишвории газ. Дар давоми 15 соли охир ҳиссаи автомобилҳои бо газ коркунанда чанд маротиба зиёд шудааст, аз 5% то 30- 40%. Истифодаи васеи гази моеъ аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ ёбад, чунки он метавонад партовҳоро ба ҳаво нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ кам кунад. Автомобилҳои сабукрави электрикӣ ва гибридӣ кам истифода бурда мешаванд, вале бо тараққиёти технологияи истеҳсол ва паст рафтани нархи хариди онҳо дар шароити электроэнергияи арзон ин намуди нақлиёт ояндаи хуб дорад. Аз соли 2018 дар мамлакат воридоти автомобилҳои куҳна, соли бароришашон то соли 2005 манъ шудааст.
Обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ қабати обии сайёраро, ё ин ки гидросфераро ташкил медиҳанд.
Обҳои сатҳӣ уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар ҷараёнҳои обу ҳавзҳоро дар бар мегиранд. Ба обҳои зеризаминӣ обҳои намуди гуногун дахл доранд, ки онҳо дар қабатҳои болои литосфера ҷойгир шудаанд. Обҳои Замин дар ҳаракати мунтазам мебошанд. Гирдгардиши об ҳамаи қисмҳои гидросфераро пайваст менамояд, ки он системаи сарбастаро ташкил медиҳад. Одатан дар об ғашҳои пайдоишашон ғайриорганикӣ ва органикӣ мавҷуданд. Оби ширин ва шӯрро ҷудо мекунанд, сайёраи мо асосан аз оби шӯр иборат мебошад. Шӯрнокии миёнаи оби уқёнус баробари 34,7%, ё ин ки 34,7 г/л мебошад. Миқдори намакҳо дар оби ширин бошад на зиёда аз 1 г/л мебошад.
Аз сатҳи умумии Замин, ки баробари 510 млн км2 мебошад, 70,8% ро уқёнусу баҳрҳо ва 29,2 % ро хушкӣ ташкил медиҳад. Тақрибан 3% сатҳи хушкиро обҳои дохили материкӣ – кӯлҳо, дарёҳо ва ғ. ташкил медиҳад, ва тақрибан 11 % сатҳи хушкӣ бо пиряхҳо пӯшида шудааст.
Дар айни замон массаи об тақрибан 0,02% массаи курраи заминро ташкил дода, ҳаҷми он баробари 1,45*109 км3 мебошад. Тақсимоти ҳаҷми об дар қитъаҳои гуногуни гидросфера чунин тавр мебошад, ҳаз. км3:
Уқёнуси ҷаҳонӣ 1 370 323
Обҳои зеризаминӣ 60 000
Аз он ҷумла минтақаҳои фаъоли мубодилаи об 4 000
Пиряхҳо 24 000
Кӯлҳо 280
Намнокии хок 85
Буғи атмосферӣ 14
Обҳои дарёҳо 1,2
Об дар уқёнусҳо минералонидашуда мебошад (миқдори миёнаи намак; -35 г дар як литри об); миқдори зиёди обҳои зеризаминӣ ҳамчунин минералонида мебошад, баъзеи онҳо дар таркибашон то 200-250 г/л намакҳоро доранд.
Расми 3.1. Захираҳои умумии оби ҷаҳонӣ (
GRIDA-UNEP, 2012
)
Аксарияти ҳавзаҳои дарёҳо байнисарҳадӣ мебошанд. 148 мамлакатҳо дар ҳудуди худ як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ доранд. Дар 39 мамлакатҳо як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ зиёда аз 90%– и ҳудуди онро дар бар мегирад, ва 21 мамлакат пурра дар ҳудуди як ё якчанд ҳавзаҳо ҷойгир шудааст.
Расми 3.2. Тақсимоти глобалии (дастрас будан) об ба ҳар як сари аҳолӣ (Revenga, 2000).
Рас. 3.3. Ҳавзаҳои дарёҳои калонтарини ҷаҳон (GRIDA-UNEP, 2002).
Дар ҷаҳон 276 ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ вуҷуд дорад (64 – дар Африқо, 60 – дар Осиё, 68 дар Европа, 46 дар Америкои Шимолӣ ва 38 – дар Ҷанубӣ).
Бисёр захираҳои обҳои ширини Тоҷикистон дар пиряхҳо ва барфтўдаҳо ҷамъ шудаанд. Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 11 ҳаз. км2 ё 8% ҳудуди мамлакатро ташкил додаанд. Пиряхҳои масоҳаташон то 1 км2 ~ 80 %, ва масоҳаташон зиёда аз 1 км2 – қариб 20 % -и миқдори умумиро ташкил медиҳанд.
Захираҳои ҳозираи обҳои ошомиданӣ дар пиряхҳои кўҳӣ 845 км3 –ро ташкил мекунад, ки дар ҳаҷм, аз ҳисоби миёнаи солонаи ҷориши умумии ҳама дарёҳои мамлакат 8 маротиба зиёд аст.
Тамоми дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаҳои обии дарёҳои Сирдарё, Амударё ва Зарафшон тааллуқ доранд. Калонтарин дарёҳои байнисарҳадӣ дарёҳои Амударё, Сирдарё , Бартанг ва Зарафшон ҳисоб меёбанд.
Ҷараёни миёнасолонаи барқароршавандаи Амударё атрофи 78,5 км3 –ро ташкил медиҳад. Шохобаҳои калонтарини Амударё: дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии захираҳои обии ин ҳавза 82,5% аст. Дар шимолу ғарбии мамлакат шохобаи дигар, дарёи Зарафшон ҷойгир аст, ки ҷараёни миёнаи бисёрсолаи он ба 5,14 км3 рост меояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон фақат 3%-и ҷараёни он истифода мешавад, ҷориши боқимонда ба ҳудуди давлати ҳамсоя ҷорӣ мешавад.
Ҷараёни солонаи умумии дарёҳо аз рўи солҳои гуногунобӣ аз 25 то 68 км3 тағир меёбад; аз ин ҳаҷм дар ҳудуди Тоҷикистон дар беҳтарин солҳо 52-53 км3-и он ташаккул меёбад (дар ҳавзаҳои Амударё – 50,5 км3, Сирдарё – 0,7 км3). Ва аз он ҳаҷми обгирӣ фақат 13 км3 –ро ташкил медиҳад, яъне танҳо чоряки ҷараёни дарёӣ барои сарфи оби миллӣ истифода мешавад, қисми боқимондаи он ба ҳудуди давлатҳои ҳамсоя ворид мегардад.
Захираҳои умумии обҳои ошомидании (минералонӣ камтар аз 1г/дм3) зеризаминӣ зиёда аз 51,2 млн. м3-ро дар якшабонарўз ташкил медиҳанд. Аз онҳо захираҳои истифодашаванда – 7,6 млн.м3 дар як шабонарўз, ё 14,8% -ро ташкил медиҳад.
Аз ин захираҳо тақрибан 65% (1,93 млн. м3 дар як сол.) истифода мешаванд. Вале, бо вуҷуди фаровонии захираҳои оби нўшокӣ, Тоҷикистон мамлакате мебошад, ки тараққиёти обтаъминкунии аҳолӣ суст аст, хусусан дар ҳавзаи дарёи Сир норасогии он мушоҳида мешавад (Вилояти Суғд).
Барои барқароршавии захираҳои оби ошомиданӣ, гирдгардиши об, ки ҳамаи қисми гидросфераро бо ҳам мепайвандад аҳамияти асосиро мебозад.
Дар гирдгардиши об элементҳои асосиро ҷудо менамоянд: атмосферӣ, уқёнусӣ ва материкӣ.
Давомнокии фарзии (тахминӣ) ивазшавии ҳамаи ҳаҷми қисми додашудаи гидросфера дар раванди гирдгардиш бо мубодилаи фаъоли об тавсиф меёбад. Масалан, агар ҳаҷми умумии дарёҳо баробари 1200 км3 бошад, ин маънои онро дорад ки ҷараёни об дар дарёҳо 26,6 маротиба дар як сол, яъне ҳар 13 шабонарӯз азнав мегардад.
А.Е. Ферсман обро минерали аз ҳама муҳими Замин номидааст, ки бе мавҷудияти он ҳаёт ҳам мавҷуд нест.
Шароити гидрологӣ яке аз нақшҳои асосиро оид ба ташаккули муҳити табиат мебозад. Дар он ҷое, ки об дар миқдори зарурӣ мавҷуд мебошад, гуногунннамудии организмҳои зинда мушоҳида карда мешавад.
Зери мафҳуми истифодабарии захираҳои обӣ – истеъмоли об ва рафъи он фаҳмида мешавад.
Муаммои камшавии миқдорӣ ва пастшавии сифатии захираҳои обӣ, ки бо афзоиши истеъмоли об дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва маишӣ (камшавии миқдорӣ) ва ифлосшавии об (пастшавии сифатӣ) диққати мутахассисони ҳамаи ҷаҳонро ҷалб кардааст.
Камшавии миқдориии захираҳои обӣ. Айни замон инсоният 12-13% ҷараёни дарёҳоро истифода бурда истодааст. (слайд WH water use)
Бесплатно
Установите приложение, чтобы читать эту книгу бесплатно
О проекте
О подписке